Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Апрель 10, 2021 10:17

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти Маркази фурӯши гулҳо ва ду гармхонаи наву замонавии Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ” оғоз бахшиданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти коргарону мутахассисони корхона асосан ба парвариши қаламча, ниҳол, гулҳои мавсимӣ ва буттаҳои ҳамешасабзу ороишии нодир равона гардида, ҳадаф аз таҷдиду навсозии мавзеи мазкур вусъат бахшидани корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Маркази фурӯши гулҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо намунаи зиёди дарахтони сояафкану ҳамешасабзи нодир, гулу буттаҳои ороишӣ ва асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳол ва гулҳо ба фурӯш гузошта шудаанд.

Маркази зебову барҳавои фурӯши ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар масоҳати 150 метри мураббаъ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохта шуда, ҳадафи дастандаркорон фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад.

Дар ин марказ мутахассисони соҳа дар баробари фурӯши ниҳоли дарахтони нодири сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариш ва роҳҳои дурусти нигоҳубини ниҳолу гулҳо ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Айни замон шумораи ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар ин корхона қариб 12 ҳазор бехро ташкил медиҳад.

Ду гармхонаи наве, ки дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, барои парвариши зиёда аз 10 намуди гулҳои мавсимӣ пешбинӣ гардида, масоҳати умумии онҳо 1600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти масъулини Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ” давоми сол дар ин ду гармхона имкони парвариши то 6 миллион дона гули мавсимӣ мавҷуд буда, дар асоси дархосту талаботи аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он метавон ин нишондодро зиёд намуд. Дар ду гармхонаи нав танҳо давоми як мавсим зиёда аз 2 миллион дона гулҳои гуногун парвариш карда мешаванд.

То ин замон дар ин корхона 5 гармхона фаъолият мекард, ки коргарону мутахассисон дар як мавсим имконияти парвариши ҳамагӣ 700 ҳазор гулро доштанд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боз ду гармхонаи нав имкон аст, ки дар як мавсим қариб 3 миллион гулҳои гуногунранг парвариш карда шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба кори мутахассисон баҳои баланд дода, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шаҳр, зиёд намудани майдони парвариши ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз ва таъсиси гармхонаҳои гулпарварӣ масъулони соҳаро муваззаф намуданд.

Дар ҳудуди Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”-и шаҳри Хуҷанд, ки наздики 9 гектарро дар бар мегирад, дар баробари гулҳои мавсимӣ ҳамзамон 12 намуди ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, парвариш карда мешаванд.

Дар корхонаи мазкур қариб 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд ва давоми 1 соли охир коргарон ин мавзеъро ба як макони зебову дилфиреб табдил додаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ин парваришгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

Ифтитоҳи Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимӣ дар шаҳри Хуҷанд 10.04.2021

Апрель 10, 2021 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд