20 РӮЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ: Дар Тоҷикистон иҷрои нақша ба 80,5 фоиз баробар гардид

Апрель 20, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 20 рӯзе, ки маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, иҷрои нақшаи он дар мамлакат 80,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ҳамзамон дар ин давра иҷрои нақша  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 91 фоиз баробар мебошад.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар гарнизони Хатлон аст, ки иҷрои нақша дар шаҳру навоҳии ин вилоят 79 фоизро дар бар мегирад.

Маҳз самти дурусти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили маъракаҳои идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан сабаб гардидааст, ки давоми ду даҳрӯзаи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд иҷрои нақша ба 67 фоиз расидааст.

Ёдовар мешавем, ки 1 апрел бо оғоз гардидани маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ- дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ ва 10 апрел чаҳор навоҳии пойтахт нақшаи пешбинишударо сад фоиз иҷро намуданд.

АКС аз Вазорати мудофиаи ҶТ

Апрель 20, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид