Агентии назорати маводи нашъаовар барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ бо САҲА нақшаи муштарак ба имзо расонид

Апрель 21, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзорасии «Нақшаи чорабиниҳои муштараки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» баргузор гардид. Нақшаи мазкурро Директори Агентӣ Ҳабибулло  Воҳидзода ва муовини роҳбари Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе, хонум Теа Ҷалиашвили ба имзо расониданд.

Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нақшаи мазкур аз омӯзиш ва тайёр намудани тренерҳои касбӣ аз ҳисоби кормандони ҷавони Агентӣ дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, баргузории чорабиниҳои зиддинашъамандӣ барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ, видеороликҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, тарҷума ва нашри «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва дастгирии молиявии якчанд масъалаҳои мубрам иборат мебошад.

Хонум Теа Ҷалиашвили ба фаъолияти муштараки Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе баҳои баланд дод.

Ҷонибҳо амалишавии нақшаи мазкурро ба манфиат шуморида, иброз доштанд, ки татбиқи он ҳарчи зудтар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин дар хотимаи мулоқот тарафҳо оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори умед карданд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Апрель 21, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд