Ҷаласаи Шӯрои доимии СААД таҳти раёсати Намояндаи доимии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Султонов 19 апрел ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо иштироки Дабири кулли СААД Станислав Зас дар шакли конфронси видеоӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии СААД.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷаласаҳои қарибулвуқӯи мақомоти оинномавии Созмон дар моҳҳои апрел-май Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви СААД оид ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 баррасӣ ва мувофиқа карда шуд.
Инчунин лоиҳаи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба иқдомоти муштараки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви СААД дар мавриди тезонидани корҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дахл дорад, мувофиқа карда шуд.
Шӯрои доимӣ тасмим гирифт, ки асноди мазкур бо тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба ҷаласаҳои ояндаи мақомоти оинномавии СААД ирсол карда шаванд.
Ҳамчунон якчанд изҳорот ва асноди муҳими сиёсӣ баррасӣ шуданд, ки кор болои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯрои доимии СААД идома хоҳад ёфт.
АКС: СААД








Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд






