Ҷамолиддин Абдуллозода ва Такаюки Мияшита рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустиро баррасӣ намуданд

Апрель 28, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита  мулоқот намуд. Ҳамзамон дар мулоқот намояндагони  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» иштирок намуданд.

Тавре аз  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат барои дастгирӣ ва мусоидат намудан бобати харидорӣ ва ворид намудани ваксинаҳо бар зидди бемориҳои мухталиф  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Ҳукумати Япония изҳори сипос намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита аз ҳамкории судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди равобити дипломатии  Тоҷикистон ва  Япония  ҳавасмандӣ зоҳир намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки роҳбарияти Ҳукумати  Япония омодаи рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, хосатан соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва  Такаюки Мияшита аз яхдонҳои нигоҳдорандаи ваксина, ки дар шафати бинои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» қарор доранд, дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 дар  давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Ҳафтаи аврупои иммунизатсия баргузор мегардад.

АКСҲО:  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ

Апрель 28, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд