Ҷамолиддин Абдуллозода ва Такаюки Мияшита рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита мулоқот намуд. Ҳамзамон дар мулоқот намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат барои дастгирӣ ва мусоидат намудан бобати харидорӣ ва ворид намудани ваксинаҳо бар зидди бемориҳои мухталиф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония изҳори сипос намуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита аз ҳамкории судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Япония ҳавасмандӣ зоҳир намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки роҳбарияти Ҳукумати Япония омодаи рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, хосатан соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Такаюки Мияшита аз яхдонҳои нигоҳдорандаи ваксина, ки дар шафати бинои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» қарор доранд, дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 дар давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Ҳафтаи аврупои иммунизатсия баргузор мегардад.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ









Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






