Ҷангҷӯёни «Толибон» дар вулусволии Шоҳвали Кути вилояти Қандаҳор пули бузурги сарбанди оби «Даҳла»-ро таркониданд

Апрель 27, 2021 13:24

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти амниятӣ ва сокинони маҳаллии дар вилояти Қандаҳори Афғонистон мегӯянд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи «Толибон» шаби гузашта дар вулусволии Шоҳвали Кути ин вилоят пули бузурги сарбанди оби «Даҳла»-ро  таркониданд ва қисми зиёди сарбанд ҳоло таҳти назорати «Толибон» қарор дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Садои Амрико» дар Афғонистон www.darivoa.com.

 Мақомоти маҳаллӣ илова карданд, ки бо тарконидани як қисми пул, роҳ ба сӯи сарбанди “Даҳла” комилан қатъ шудааст.

Ғурзанг Афридӣ, сардори амнияти вилояти Қандаҳор дурустии ин хабарро 26 апрел ба «Садои Амрико» тасдиқ кард.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми баландпояи амниятӣ, ки нахост дар ин гузориш зикр шавад, ба «Садои Амрико» гуфтааст, ки «Толибон» пас аз ду ҳафтаи ҷанг ба «Даҳла» расидаанд ва ҳоло роҳи онро бастаанд.

Вай илова кард, ки дар байни ҷангҷӯёни «Толибон»  минасозони хориҷӣ низ ҳузур доранд ва ин ба амнияти сарбанд таҳдид мекунад.

Сарбанди «Даҳла» пас аз «Каҷакӣ» дуввумин сарбанди бузурги Афғонистон аст ва дар масофаи 80 км аз вулусволии Шоҳвали Кути вилояти Қандаҳор ҷойгир аст. Оби он барои обёрӣ кардани заминҳои кишоварзии ҳафт вулусволӣ истифода мешавад.

Апрель 27, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид