«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» – ФАРОТАР АЗ ЯК РӮЗНОМА. Имрӯз «ҶТ» 91-сола шуд

Апрель 5, 2021 11:59

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 апрел аз таъсиси рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 91 сол сипарӣ гардид. Ин ном имрӯз барои хурду бузурги миллати фарҳангпарвари тоҷик шинос аст. Зеро он тӯли мавҷудияти хеш тавонистааст, ки дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии аҳли ҷомеа саҳми муносибу мондагор гузораду ҳамеша аз арзишҳои миллӣ дифоъ намуда, дар таҳкими сулҳу субот, тарғибу тарбияи ватандӯстии сокинони меҳан хизматҳои шоён анҷом диҳад.

Дар зер андешаҳои корманди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ манзури хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» гардонида мешаванд.

-Вақте ба таърихи заррини 91-солаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» назар меафканем, аён мегардад, ки ин рӯзнома рисолати хешро тӯли ин муддат софдилонаву садоқатмандона иҷро намуда, азизи дилу дидагони хонандагони сершумор гардидааст. Зеро «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамеша аз ҳаёти эшон мегуфту дар шебу фарози ҳаёт дар барашон буд ва аз бурдбории алоқамандонаш меболид. Ҷавонон рози дили хешро дар саҳифаҳояш меҷустанду онро рафиқи беминнат ва тарбиятгару роҳнамо мепиндоштанд, к5и ин мояи ифтихор буда, имрӯз низ рӯзнома бо набзи тоза побарҷост.

Бешак, шоҳкории беҳтарини матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи 109-солааш ин аст, ки баробари дигар рӯзномаҳо, ки ҷиҳати инъикоси бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рӯйи чоп меомаданд, рӯзномае дар таърихи 5 апрели соли 1930 бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») таъсис ёфта, ҳамрозу ҳамнафас ва минбари мусоид барои ҷавонони сухандону суханвар гардид.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» – ро кулли кормандону алоқамандони собиқу имрӯзаш мактаби бузург меноманд, ки ин бесабаб нест. Чунки он майдони фарохи эҷодиеро мемонад, ки ҳар қаламкаше дар он маҳорату истеъдоди нигорандагии хешро озмоиш мекунаду нашри ҳар матлаб дар саҳифаҳояш барояшон неру мебахшад ва онҳоро баҳри навиштани матлаби беҳтаре аз қабл таҳрик медиҳад. Ва мо низ аз таърихи рӯзнома дармеёбем, ки мактаби мазкур чандин наслҳои адибону рӯзноманигоронро тарбияву ба камол расонидаасту онҳоро номдор ва барои хизмат ба халқу ватан раҳсипор намудааст. Ба қавле, истеъдоди онҳо дар ҳамин мактаб сабзидаасту он истеъдодпарвар аст ва омили муваффақиятҳояшон дар оянда гардидааст. Ин ҷо овардани исми устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Кароматулло Мирзоев ва дигарон далели гуфтаҳои болост, ки таълимдидаи ин боргоҳанд ва нахустин маҳсули эҷодашон низ дар ҳамин рӯзнома нашр шудаву пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.

Соле қабл устод Гулназар Келдӣ, шоир ва муаллифи Суруди миллӣ нақши мондагор доштани рӯзномаро дар китоби «Пири дилҷавон» чунин зикр намудааст: «Нақши рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар адабиёти тоҷик низ хеле назаррас аст. Зеро шеърҳои бисёри мо дар саҳифаҳои он рӯйи чоп омадаву пешкаши хонандагон гардидаанд».

«Истеъдодпарвар будани рӯзномаро собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон”» (дар солҳои 1977-1988) Ато Ҳамдам гуфта буд: «Ин рӯзномаест, ки истеъдодҳоро тарбия менамояду ба роҳи фарҳангу адаб раҳнамун месозад. Беҳтарин солҳои умрам дар ин рӯзнома гузашт. Кормандони ин боргоҳ нафарони хушбахтанд, ки дар ин коргоҳи муқаддас пайи фаъолият ҳастанд».

Вақте нафаре солҳои фаъолияташро дар «Ҷавонони Тоҷикистон» беҳтарин солҳои умраш медонад, вақте адибе нақши рӯзномаро дар рушди адабиёт бузург арзёбӣ мекунад ва вақте собиқадорону кормандони имрӯзи рӯзнома фаъолияти худро дар ин рӯзнома даврони заррини зиндагии хеш медонанд, дигар далели муътамаде барои исботи мактаби бузургпарвару раҳнамунсоз будани рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» лозим нест.

Бо ин ҳама метавон гуфт, ки «Ҷавонони Тоҷикистон» фаротар аз як рӯзнома аст»,-тазаккур дод Беҳрӯз Холмуродов.

Дар мавриди ин ки «Ҷавонони Тоҷикистон» даргоҳи бузургпарвар аст, ҳеҷ ҷои шубҳа нест. Чунки замоне, аниқтараш соли 1938 аз роҳбарони вақти кишвар Турсун Ӯлҷабоев дар рӯзнома ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият кардаасту аз қаҳрамонони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ходими адабии рӯзнома будааст.

Мавсуф бар ин андеша аст, ки ин боргоҳро боз василаи дӯстиву ошноӣ, пайдо намудани азизон ва расидан ба муҳаббату ишқи хеш низ номидаанд. Зеро дар таърихи 91-солааш борҳо воқеаҳои аҷибу фаромӯшношудание дар рӯзнома ба амал омадаанд, ки ин аз мондагориву азизи дилҳо будани рӯзнома шаҳодат медиҳанд. Собиқ суратгири рӯзнома (солҳои 1960-1980) Сафарбек Фозилов дар матни ёддоштияш қисса мекунад: «Он вақт ман аксҳои тоҷикдухтаронро мегирифтаму дар ҳар шумораи рӯзнома нашр мешуданд. Аз аксҳои дар рӯзнома нашршуда бисёриҳо фарзандони гумкардаи худро ёфтанд. Аз ҷумла, соли 1960 аз интернати пойтахт расми духтарчаеро гирифтаму он дар рӯзнома чоп шуд. Баъди чопи расм бародараш хоҳари худро шинохта, барои ёфтанаш ба редаксия омаду фарзандони як падару модар ҳамдигарро ёфтанд ва ба рӯзномаю банда изҳори миннатдорӣ намуданд».

Мисоли дигаре, ки аз розкушою ғамхору мададгор будани «Ҷавонони Тоҷикистон» дарак медиҳад, ин ба висоли ҳам расонидани дилдодагону хонандагони ҷавони рӯзнома аст. Далели ин гӯшаи «Номаҳои ошиқона» – и рӯзнома аст, ки садҳо ҷавонони равонаи роҳи муҳаббат барои расидан ба дӯстдоштаҳояшон ба унвони рӯзнома нома менавиштанду барои амалӣ гардидани орзуҳояшон тавсияҳо мепурсиданд. Ва кор то ҷое низ расидааст, ки боре барои ба ҳам расонидани ду ҷавони ошиқ, ки волидонашон зидди оила барпо кардани онҳо буданд, кормандони рӯзнома иқдом намудаву ба манзили ин ду ҷавон рафтанд ва баъди суҳбат бо волидонашон онҳо оиладору хушбахт гардиданд.

Ин гуна воқеаҳо дар таърихи фаъолияти рӯзнома як не, балки садҳо маротиба ба амал омадаанду он аз ҳамнабзу ҳамнафас будани рӯзнома бо хонандагонаш дарак медиҳад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки фаъолияти хубу назарраси рӯзнома буд, ки январи соли 1980 бо ордени «Нишони Фахрӣ»-и Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуд. Далели дигари муҳими таърихии «Ҷавонони Тоҷикистон» он аст, ки солҳои 80 он яке аз бонуфузтарин рӯзнома дар Тоҷикистон маҳсуб меёфту соли 1987 рӯзнома ҳафтае се маротиба қариб бо теъдоди 200 ҳазор нусха ба дасти хонанда мерасид.

33 сармуҳаррире, ки то имрӯз рӯзномаро роҳбарӣ кардаанд, ҳамеша дар андешаи он буданду ҳастанд, ки рӯзнома дар баланд бардоштани донишу маърифати аҳли ҷомеа, ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги волои ниёгонамон саҳм гузорад. Ва хушбахтона, ин рисолатро тӯли 91 сол аст, ки рӯзнома сарбаландона иҷро намуда истодаасту дар замони бархӯрди тамаддунҳову ҷангҳои иттилоотӣ дар таъмини фазои иттилоотии кишвар нақши бориз дорад.

-«Ҷавонони Тоҷикистон» дар асри XXI, ки асри фановариҳои техникист, мудом дар ҳоли мудерн аст. Ин рӯзномаи ба қавле пири дилҷавон имрӯз 91-сола шудаву ҳамчун пири барнодил ҳамеша бо нигоштаҳои аҳли эҷоди хеш дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва умуман аҳли ҷомеа саҳм мегузорад ва то абад хоҳад буд ва бо фаъолияти мудовимаш дар рушди матбуот ва журналистикаи тоҷик саҳми арзандаашро боз ҳам бештар хоҳад гузошт.

Аз фурсат истифода бурда, ба кулли ҳамкасбону ҳамкорон ва устодоне, ки таълимдидаи ин боргоҳи бузурганд ва хонандагони сершумораш 91-умин солгарди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро муборакбод мегӯям,-иброз намуд дар фарҷом Беҳрӯз Холмуродов.

АКС: аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

Апрель 5, 2021 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд