Аз ҷониби кормандони милитсия ҷинояткори хавфнок-террорист дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрели соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори хавфнок Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Ҳангоми дастгир намудани гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., шаҳрвандон: ҳамсари гумонбаршуда Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, дидаву дониста, ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеа эҷода намуда, дар байни ҷомеа иғво андохтаанд. Онҳо тариқи телефон ҷараёни дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш шарҳ дода, паҳн намудаанд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Шаҳрванд Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович, санаи таваллудаш 19 декабри соли 1982, сокини деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, маълумоташ миёна. Солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилоти террористӣ, бахусус «Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ифода намуда, дар паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна даст задааст. Бо ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон будаанд, дар ҳудуди Федерасияи Россия амалисозии якчанд амалҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайян ворид кардаанд.
Аз чунин қасди диверсионии Имомалӣ Идибегов ва ҳаммаслакони ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия огоҳ гардида, ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон- Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷоновичро дастгир кардаанд. Гумонбаршуда Имомалӣ Идибегов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор карда, барои чунин кирдори махсусан хатарнок- терроризм аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
Гумонбаршуда Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро ҳамчун бемор вонамуд намуда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро бештар ҷалб намуда, издиҳоми зиёди одамонро ба вуҷуд овард.
Ёдрас месозем, ки дастгир кардани ин ҷинояткори махсусан хавфнок дар асоси маълумоти дақиқи фаврӣ ва парвандаи ҷустуҷӯии ҷиноятӣ бо моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ва 401 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Нисбат ба шаҳрвандоне, ки зимни амалисозии чорабинии дастгиркунии гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., ба кормандони милитсия халал расониданд, тадбирҳои қонунӣ андешида мешаванд.
Аксҳо аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ










Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






