Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамоишҳои ҷавонони гуногункасб доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!» ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногуни вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир мегарданд.
Ҳамоишҳо бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, мақсад аз онҳо муаррифӣ намудани дастовардҳои 30-соли даврони истиқлоли мамлакат мебошад.
Тавре муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат Ризо Назарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, Кумита ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар заминаи таҷлили сазовори ҷашни муқаддаси милливу давлатӣ- 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки силсилаи ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногуни кишварро таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор намояд.
«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, «имрӯз ҷомеаи мамлакат ба қудрат ва тавоноии ҷавонони тоҷик дар таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ сахт эътимод дорад». Саҳми устувор ва мавқеи якдилонаи ҷавонони мамлакат зери роҳнамоии пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки воқеан ҷавонони созанда ва худшиноси мо ба қадри арзишҳои муқаддаси милливу давлатӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шоёни Пешвои худ расида, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон иродаи қавӣ доранд.
Дар ин замина, дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногун ҷиҳати муаррифӣ намудани дастовардҳои онҳо дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ ба мақсад мувофиқ мебошад»,- афзуд мавсуф.
Ба зикри Ризо Назарзода, дар ҳамоиши мазкур сохторҳои масъулин қабл аз баргузории ҳамоишҳо намоиши дастовардҳои соҳаи худро ба маърази тамошо мегузоранд. Зимни баргузории ҳамоишҳо вобаста ба дастовардҳои соҳа маърӯзаҳои асоснок намуда, доир ба ояндабинии соҳа ва таъмини нақши ҷавонон дар он маълумот пешниҳод менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногуни вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!» аз ҳафтаи сеюми моҳи апрели соли 2021 оғоз шуда, то охири моҳи декабри соли равон идома меёбанд.
Аксҳо аз манбаъҳои боз








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд






