Ба оилаҳои шаҳри Ваҳдат туҳфаи Пешвои миллат – китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров,¸ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бознашр гардидааст, ҳамчун туҳфаи гаронарзиш аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси оилаҳои шаҳри Ваҳдат гардид. Дар ин хусус дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода иттилоъ дод.
Мавсуф иброз намуд, ки сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳамчун беҳтарин армуғони фарҳангӣ барои худ ва аҳли хонадонашон қабул намуданд. Дар маҷмӯъ ба 49 ҳазору 600 оилаи шаҳри Ваҳдат туҳфаи Президенти ҷумҳурӣ – китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим мегардад.
Мавриди зикр аст, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Сарвари давлат ҳамчун туҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш- китоби «Тоҷикон» барои ҳар фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил диҳад. Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ гарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат моҳи декабри соли 2019 дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намоянд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






