Бар асари таркиши автомашинаи пур аз маводи тарканда дар Фароҳи Афғонистон 3 нафар ҳалок ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/ Дар натиҷаи таркиши автомашинаи пур аз маводи тарканда дар вилояти Фароҳи Афғонистон се нафар ҳалок ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Додуллоҳ Қонеъ, раиси Шӯрои вилояти Фароҳ, ба «8 Субҳ» гуфт, ки автомашинаи «Сузуки», ки дар он маводи тарканда ҷойсозӣ шуда буд, нимаи дуюми рӯзи сешанбе 13 апрел дар мавзеи Қалъаи Ғулом Сиддиқи шаҳри Фароҳ тарконида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “8 Субҳ” 8am.af.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин ҳамла яке аз шуъбаҳои раёсати полиси Фароҳ будааст. Бар асари таркиш се шахрванди ғайринизомӣ кушта ва 22 тани дигар, аз ҷумла чаҳор корманди полис захмӣ шуданд.
Раиси Шӯрои вилоятӣ илова кард, ки дар байни захмишудагон занон, кӯдакон ва куҳансолон низ ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ Ториқ Орин дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук навиштааст, ки дар ин ҳодиса шаш корманди полис захмӣ шуданд.
«Се ҳамватани ғайринизомии мо, аз ҷумла як кӯдаки шаҳид ва 18 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон маҷрӯҳ шуданд ва вазъи чор нафари онҳо вазнин аст», — навиштааст ӯ.
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ «Толибон»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар ин ҳамлаи террористӣ айбдор кард, аммо онҳо ҳанӯз изҳори назар накардаанд.
Гурӯҳи кории муштараки муҳофизати шаҳрвандони ғайри низомӣ чанде пеш дар як нишасти хабарӣ тарафҳои даргирро ба оташбас дар моҳи Рамазон даъват карда буд, аммо Фароҳ шоҳиди таркиши қавӣ дар рӯзи аввали моҳи Рамазон шуд.








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






