Бар асари таркиши автомашинаи пур аз маводи тарканда дар Фароҳи Афғонистон 3 нафар ҳалок ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шуданд

Апрель 14, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/ Дар натиҷаи таркиши автомашинаи пур аз маводи тарканда дар вилояти Фароҳи Афғонистон се нафар ҳалок ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Додуллоҳ Қонеъ, раиси Шӯрои вилояти Фароҳ, ба «8 Субҳ» гуфт, ки автомашинаи  «Сузуки», ки дар он  маводи тарканда ҷойсозӣ шуда буд, нимаи дуюми рӯзи сешанбе 13 апрел дар мавзеи Қалъаи Ғулом Сиддиқи шаҳри Фароҳ тарконида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “8 Субҳ” 8am.af.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин ҳамла яке аз шуъбаҳои раёсати полиси Фароҳ будааст. Бар асари таркиш се шахрванди ғайринизомӣ кушта ва 22 тани дигар, аз ҷумла чаҳор корманди полис захмӣ шуданд.

Раиси Шӯрои вилоятӣ илова кард, ки дар байни захмишудагон занон, кӯдакон ва куҳансолон низ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ Ториқ Орин дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук навиштааст, ки дар ин ҳодиса шаш корманди полис захмӣ шуданд.

«Се ҳамватани ғайринизомии мо, аз ҷумла як кӯдаки шаҳид ва 18 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон маҷрӯҳ шуданд ва вазъи чор нафари онҳо вазнин аст», — навиштааст ӯ.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ «Толибон»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар ин ҳамлаи террористӣ айбдор кард, аммо онҳо ҳанӯз изҳори назар накардаанд.

Гурӯҳи кории муштараки муҳофизати шаҳрвандони ғайри низомӣ чанде пеш дар як нишасти хабарӣ тарафҳои даргирро ба оташбас дар моҳи Рамазон даъват карда буд, аммо Фароҳ шоҳиди таркиши қавӣ дар рӯзи аввали моҳи Рамазон шуд.

Апрель 14, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид