Барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе чорсаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсад сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 170 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ғолибони озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардиданд, ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо ин мақсад бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр 484 800 (чорсаду ҳаштоду чор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷудо гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр масъулин вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои стипендияи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавад, ки аз 25 январ то 14 феврали соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмун баргузор гардид. Барои иштирок дар озмуни мазкур 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки ба унвони Комиссияи шаҳрии озмун ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз рӯи низоми тестӣ санҷиш супориданд.
Мавриди ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.










Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






