Беморхонаи шаҳри Бӯстон соҳиби таҷҳизоти муосири тиббӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи шаҳри Бӯстон зиёда аз 138 номгӯй таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили катҳои функсионалӣ, рентгени рақамӣ, автоклав, дастгоҳи ултрасадои доплерӣ, мониторҳои назди кати бемор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ бо иштироки мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ғафур Зоирӣ ва сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова дар фазои тантанавӣ ба мудирони шуъбаҳои беморхонаи шаҳрӣ тақдим гардиданд.
Сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова иброз намуд, ки «табибони шаҳри Бӯстон ҳамарӯза аз ғамхориву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардида, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ азму талош доранд.
Хусусан дар давраи вазнини хурӯҷи бемории сироятии коронавирус ворид гардидани кумакҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беморон ва табибон, дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли инҳо шаҳодати ин гуфтаҳост».
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон як беморхонаи шаҳрӣ мавҷуд буда, ба сокинони шаҳр хизмати тиббӣ мерасонад. Беморхона дорои 16 шуъба буда, дар он зиёда аз 340 нафар табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият мебаранд.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






