БМТ ба «ПКФ Тоҷикистон» барои фаъолияти аудиторӣ ба муҳлати панҷ сол иҷозатнома дод

Апрель 20, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ПКФ Тоҷикистон» барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилоти суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки иҷозатнома ба ҶДММ  «ПКФ Тоҷикистон» барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилоти суғуртавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» супорида шудааст.

Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи ташкилоти аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилоти суғуртавӣ (аз нав суғуртакунӣ)-ро доранд, оид ба ҶДММ «ПКФ Тоҷикистон» сабти дахлдор ворид намояд.

Апрель 20, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст