«Бобруйскагромаш» истеҳсолоти васлкуниро дар Тоҷикистон васеъ мекунад

Апрель 13, 2021 11:54

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. ҶСК Ширкати идоракунандаи холдингии «Бобруйскагромаш» истеҳсолоти васлкунии таҷҳизотро дар Тоҷикистон васеъ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ба хабаргузории «БелТА» аз хадамоти матбуоти корхонаи беларусӣ иттилоъ додаанд. 

Дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ки аз 6-7 апрел дар Душанбе баргузор шуд, байни ҶСК ШИХ «Бобруйскагромаш» ва ҶСП «Агротехсервис» (Тоҷикистон) дар бораи тавсеаи истеҳсолоти васлкунӣ дар заминаи ширкати Тоҷикистон дар Ҳисор аз ҳисоби роҳандозии истеҳсоли нимядакҳои трактории ПСТ-9 созишнома имзо шуда буд.

Ғайр аз ин, ширкатҳо дар барои таҳвили бастаи якуми маҷмӯаи мошинҳо шартнома бастанд ва интиқоли он дар семоҳаи дуюми соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Инчунин ҳангоми ширкат дар форуми тиҷоратии «Тоҷикистон — Беларус-Афғонистон» бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Афғонистон, ки ба ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони таҷҳизоти Беларус, аз ҷумла аз тариқи дилерҳо ва намояндагони Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, музокирот ташкил карда шуд.

Дар ҷараёни боздид ҳайати Беларус бо роҳбарияти КВДҶ Тоҷикагролизинг» музокирот намуда, инчунин тамоми номгӯи маҳсулоти холдинги «Бобруйскагромаш» -ро муаррифӣ карданд ва дар ҷамъбасти натиҷаҳои онҳо ҷониби Тоҷикистон барои хариди таҷҳизот ва мошинҳои ҷамъоварии хӯроки чорво барои тайёр ва тақсим кардани хӯроки чорво изҳори алоқамандӣ кард.

Ширкати идоракунии холдингии «Бобруйскагромаш»  бузургтарин истеҳсолкунандаи техникаи кишоварзӣ ва афзор дар Аврупои Шарқӣ мебошад. Ширкат дар бозори техникаи кишоварзӣ аз соли 1974 фаъолият дошта, зиёда аз 150 навъ маҳсулот истеҳсол мекунад. Имрӯз техникаи холдинг ба зиёда аз 50 давлати ҷаҳон содир карда мешавад.

                                                                              АКСИ: «БелТА»

Апрель 13, 2021 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд