Дар Бӯстон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ дар шаҳри Бӯстон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур аз се ошёна, 5 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат мебошад.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд А.Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон бозид намуданд.
Айни ҳол дар атрофи бино корҳои ободонӣ ва васлу насби таҷҳизот идома доранд. Баҳодур Шерализода ба масъулон ва сохтмончиён барои босифат анҷом додани корҳои боқимондаи сохтмонии бинои мазкур дастуру супоришҳо дод.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






