Дар Боғи Ирам даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир мешавад

Апрель 23, 2021 14:50

ДУШАНБЕ, 23.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе  бахшида ба 30-солагии Итиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар он аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунари миллӣ, аз қабили зарфҳо, матоъҳо, асбоби мусиқӣ, қолинҳо, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар намуди маҳсулоти ҳунармандиро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивали мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпуси дипломатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ҳунармандон аз гӯшаву канори мамлакат ва меҳмонони пойтахт иштирок менамоянд.

Фестивали ҷумҳуриявии  «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» пагоҳ, соати 8:30 оғоз мегардад. Сокинон ва меҳмонон метавонанд аз ин намоишгоҳ дидан намуда, доир ба ҳунарҳои миллии тоҷикон маълумот пайдо намоянд.

Инчунин иштирокчиёни фаъоли фестивал аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷом, Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Дар  Фестивали мазкур  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳунарҳои мардумиро  пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Фестивал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.


Мавриди зикр аст, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эҳё гардида, босуръат рушд намуда истодаанд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат  ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, барои ҳунармандону соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок  муқаррар гардидаанд.

Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар ин муддат бисёр намудҳои ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Тибқи маълумоти дастрасгардида, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода мебаранд.

Мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр доир гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоятҳо ва даври сеюм 24 апрел ҷамъбаст мегардад.

Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик аз азал бо ҳунармандии худ шуҳрат доштаанд. Инчунин дар давраҳои гузашта ба кӯча ва маҳаллаҳои деҳот номи ҳунарҳо гузошта  мешуданд, ба мисли кӯчаи Заргарон, Нонвоён, Мисгарон, Чӯбтарошон, Кулолгарон ва ғайра.

Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, бофандагиву дӯзандагӣ, анъанаҳои касбӣ ва нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд, ки бевосита барои пешравии зиндагиашон мусоидат менамуд.

Инчунин ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд.

Шоире дар васфи ҳунар чунин гуфтааст:

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,
Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.

Бояд гуфт, ки баргузории фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гардидааст.

 

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Апрель 23, 2021 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд