Дар Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа синфхонаи махсус бо тарҳ ва нақшу нигори миллии тоҷикӣ оро дода мешавад

Апрель 11, 2021 09:26

ДУШАНБЕ, 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа дар Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзи эҳтиром ба 187 нафар донишҷӯйи тоҷик як синфхонаи донишгоҳ бо тарҳ ва нақшу нигори миллии тоҷикӣ оро дода мешавад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Суннатуллоҳи Мирзо иттилоъ дод.

Дар девори синфхона рамзҳои миллию давлатии мардуми тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, аксу маълумот дар бораи асосгузори аввалин давлати миллии тоҷикон- шоҳи сулолаи Сомониён Исмоили Сомонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва манзараҳои зебои табиати дилфиреби Тоҷикистон ҷой дода мешаванд.

Инчунин дар баробари тамоми зебоиҳои этникӣ синфхона бо технологияи муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Садорати донишгоҳи мазкур мақсад аз ин иқдоми худро эҳтиром ба донишҷӯёни тоҷики донишгоҳ ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар ин синфхона худро дар фазои кишвар ва фарҳангу тамаддуни миллии худ эҳсос намоянд. Донишҷӯён дар ин синфхона барномаву ҷамъомад ва ҷашнҳои миллии тоҷикона баргузор менамоянд ва ҳамзамон барои намояндагони дигар халқу миллатҳо урфу одат, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллати тоҷик ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа яке аз донишгоҳҳои пешрафта дар соҳаи техника ва технологияи Россия ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ моҳи октябри соли 1948 дар заминаи филиали Институти нафти Москва ба номи И.М. Губкин таъсис дода шудааст. Дар тӯли солҳо, ДДТНУ зиёда аз 115 000 нафар мутахассисони баландихтисосро барои тамоми соҳаҳои сӯзишворию энергетикӣ, нафту гази истеҳсолӣ ва комплекси Россия ва хориҷ аз он омода намудааст.

Донишгоҳ бо муваффақият ба системаи таҳсилоти олии байналмилалӣ ворид гардида, аз соли 1996 узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи Байналмилалии Донишгоҳҳо (UIA) мебошад. Дар донишгоҳ намояндагони Федератсияи Россия ва шаҳрвандони 52 кишвари хориҷи наздик ва дур, аз қабили Қазоқистон, Куба, Ветнам, Чин, Тоҷикистон ва ғайра таълим мегиранд. Инҳо шунавандагони курсҳои забони русӣ, донишҷӯён (муҳандисон, бакалаврҳо, донишҷӯён), аспирантҳо ва докторантҳо мебошанд.

Ҳоло дар ДДТНУ беш аз 1300 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 187 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Донишгоҳ 4 факулта, 5 донишкада, 2 мактаби олӣ, зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура (7 шӯрои диссертатсионӣ) дошта, Донишкадаи таҳсилоти иловагии касбӣ, маркази муҳандисӣ ва технопарки ҷавононро дар бар мегирад.

 АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2021 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд