Дар Кӯлоб бунёди 15 корхонаи азими саноатӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 26.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин замина, дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» бунёди 15 корхонаи азим бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, замонависозии 5 корхонаи фаъолияткунанда ба арзиши беш аз 4,0 млрд. сомонӣ бо ҷалби маблағгузории сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, айни замон теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 46 адад расидааст, аз ҷумла дар шаҳр 7 корхонаи коркарди сангу шағал, 3 корхонаи хишти пухта, 14 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 9 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, корхонаи ресандагӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ ва як коргоҳи мебелбарорӣ фаъолият доранд.
Мавриди зикр аст, ки бо назардошти ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рушди саноат-соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар корхонаҳои мазкур зиёда аз 180 номгӯй маҳсулот, аз қабили нахи пахта, хишти бинокорӣ, регу қуми шустагӣ, бетони бинокорӣ, хишти сементӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти макаронӣ, мебелҳои гуногун, 66 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.
Дар шаҳр тамоми шароит барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ фароҳам оварда шудааст, бинобар ин аз ин имконият истифода намуда, ҳар моҳ ҳаҷми маҳсулот бояд зиёд карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ гардида, дар он афзалият ба рушди соҳаи саноат дода шудааст. Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 барномаи мазкур ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума ва тариқи китобча чоп карда шудааст.
Акс аз Манбаъҳи боз








Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






