Дар Конибодом ва Мастчоҳ хонандагон соҳиби ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият – шиноснома гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом 25 нафар хонандагони синфҳои болоии МТМУ №37-и ҷамоати Ғафурҷон Ортиқовро дар маросими тантанавӣ бо шиноснома таъмин намуд. Иқдоми мазкур баҳри сари вақт таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият-шиноснома равона гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар шаҳри Конибодом дар партави супориши роҳбарияти ВКД давоми се моҳи имсол ба 851 нафар бори аввал шиноснома додаанд, ки аксарияти онҳо наврасони ба синни 16 расида мебошанд. Ҳамчунин кор дар ин самт идома дошта, нозирони шиносномадиҳӣ дар баробари вохӯрӣ бо аҳолӣ ба мактабҳо низ меоянд.
Ҳамин гуна хизматрасонии муваффақона дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ низ роҳандозӣ шудааст. Аз аввали сол то 31 март 726 нафар барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷат супорида, бори аввал ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандӣ ба даст мегиранд. Дар минтақаи маъмурии хизматӣ тақдими шиноснома дар вазъияти тантанавӣ доир шуда, ба муҳассилин вобаста ба чӣ гуна ҳуҷҷат будани шиносномаи миллӣ ва ҳуқуқҳои соҳиби он маълумот дода мешавад.
Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ин навбат шиносномаҳои омодагардидаро ба хонандагони МТМУ №24 ва №4 Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳия дастрас намуда, ба соҳибонаш супориданд. Ҳамчунин ҷиҳати огоҳӣ ёфтан аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ба хонандагон дар баробари шиноснома Конститутсия тақдим карда шуд.
Дастрасии хонандагон ба ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи шаҳрвандии Тоҷикистон-шиносномаи миллӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ба роҳ монда шуда, дархости ҳар муроҷиаткунанда ҷиҳати шиносномагирӣ сари вақт таъмин карда мешавад.
Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода кормандони хадамоти мазкур вазифадор карда шудаанд, ки шароити беҳтару дастрасро барои хонандагон фароҳам оваранд, то дар таъмини саривақтии муҳассилин, хосса хатмкунандагон бо шиноснома саҳм гузоранд. Зеро хонандагон баъди соҳиби шиноснома гаштан ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, ҳамчун довталаб худро ба қайд мегиранд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






