Дар Маҷлиси намояндагон Лоиҳаи Қонун «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, олимону коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати “мизи мудаввар” баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Рустам Латифзода иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳифзи гуногунии биологиро дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ фаъолона пеш бурда, дар ҳалли проблемаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи онҳо ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон як силсила корҳои назаррас оид ба истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва захираҳои табиӣ ба анҷом расонида шудаанд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи олами наботот», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ барои солҳои 2014-2020, дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ барои ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар сатҳи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд.
Дар ин самт Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази гуногунии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххасро амалӣ намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Доир ба масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки “мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонун муайян намудани заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳифз ва истифодаи гуногунии захираҳои биологии кишвар, ҳамчунин танзими муносибатҳои байнидавлатӣ вобаста ба муомилот ва истифодаи устувори онҳо, аз ҷумла дар истеҳсолоти ватанӣ мебошад”.
Дар раванди такмили лоиҳаи қонуни мазкур ҳамаи таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни мизи мудаввари қаблӣ, ки дар муҳокимаҳои алоҳида баён гардида буданд, инчунин нуқтаи назари олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ нисбат ба варианти баррасишаванда ба инобат гирифта шудаанд.
Ба варианти баррасишавандаи лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва коршиносони соҳавӣ 41 таклифу пешниҳод ирсол гардиданд, ки зимни таҳрир ва такмили лоиҳаи қонун истифода бурда шуданд.
Дар раванди такмили лоиҳаи қонун, пеш аз ҳама, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» ба инобат гирифта шуданд.
Дар моддаи 1 лоиҳаи Қонуни мазкур 20 мафҳуми асосӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар слайдҳои аз 3 — юм то 10 — ум оварда шудаанд. Ҳамаи ин мафҳумҳо дар кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои қаблан ироагардида мавриди омўзишу баррасӣ қарор дода шудаанд.
-Дар вақти таҳияи қонуни мазкур ҳамаи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон» ба инобат гирифта шуда, матни он бо риояи услуби расмии забон такмил дода шудааст,-гуфт дар интиҳо Зоир Раҳмонзода.
Дар фарҷоми мизи мудаввар баъди саволу ҷавоб ва таклифу пешниҳодҳо аз рӯи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.
АКС аз Маҷлиси намояндагон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






