Дар минтақаи Кӯлоб тавзеҳи низоми ҳаракати ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллаву деҳот идома дорад
ДУШАНБЕ, 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи равон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо мақсади ба мардум расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 март зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилоят дар ноҳияи Кӯшониён ироа намуда буданд, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ дошт.
Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аснои сафар дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллу деҳот” бо раисони ҷамоат, кумитаҳои маҳалла ва роҳбарони ташкилоти ибтидоии шаҳру ноҳияҳо машварат доир намуд. Дар он ба иштирокдорон усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, бахусус тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ фаҳмонида шуданд. Ҳамчунин ҷиҳати ташкил ва иштироки фаъолона дар аксияҳои ҳизбӣ ва дастгирии ниёзмандону маъюбон ибрози назар карда шуд.
Зикр шуд, ки “узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барои ҳар нафар шараф ва ифтихор аст. Аз ин рӯ ҳар узви ҳизбро зарур аст дар амалисозии ҳадафҳои олии Сарвари давлат ва пешрафту шукфоии Ватан саҳм гузорад”.
Аёдати шахсони ниёзманд ва маъюб яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар такя ба амалҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабаргирии ашхоси эҳтиёманд ва нафарони маъюб рафта, бо шароити зиндагии онҳо аз назик шинос гардиданд ва ба онҳо кумакҳои моддӣ расониданд. Бахусус дар ноҳияи Восеъ ба аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуди «Маркази Ситора» рафта, хотири онҳоро шод карданд.
Ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон дар баргузории аксияҳои ободонӣ иштирок карда, бо раванди созандагиҳо ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳру ноҳия аз наздик шинос гаштанд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






