Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар шаҳри Москва дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбаев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва истифодаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ зоҳир шуд. Вазирони корҳои хориҷӣ зарурати истифодаи пурсамар ва фарогири имконоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро таъкид намуданд. Дар ин росто, ҷониби Тоҷикистон бар зарурати идомаи музокирот дар ин самт танҳо дар асоси санадҳое, ки тамоми марҳилаҳои конститутсиониро гузаштаанд, инчунин риояи муқаррароти мувофиқашудаи пӯшиши иттилоотии натиҷаҳои вохӯриҳо дар ВАО дар асоси Низомнома доир ба ташкили кор ва тартиби бурдани гуфтушунидҳо доир ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард.
Бо дарназардошти набудани заминаи меъёрию ҳуқуқие, ки масъалаҳои душаҳрвандиро байни Тоҷикистону Қирғизистон ба танзим дарорад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаи ба тартиб даровардани раванди додани шаҳрвандиро, пеш аз ҳама ба аҳолии сокини минтақаҳои наздисарҳадӣ ба миён гузошт.
Дар поёни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ аҳаммияти ҳифз ва густариши бештари робитаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва бародарии байни Тоҷикистону Қирғизистонро таъкид карданд.
АКС










Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд






