Дар ноҳияи Ҳамадонӣ 188 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ шуданд

Апрель 11, 2021 08:19

ҲАМАДОНӢ, 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби  шуъбаи Агентии  меҳнат ва шуғли  аҳолӣ дар 3 моҳи  соли равон 4 маротиба  ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида  шуда,  188  нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Сардори шуъбаи мазкур  Самандар Мисайнов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки баъзе аз муроҷиаткунандагон ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ташкилоту муассисаҳо ва  дигар  корҳои ҷамъиятӣ  сафарбар карда шуданд.

Инчунин дар  ин давра  аз тарафи шуъба  96 нафар сокинони ноҳия  ба омӯзиши  курси кӯтоҳмуддат,  аз ҷумла дӯзандагӣ, бофандагӣ, асосҳои омӯзиши компютерӣ, муҳрабофӣ  ва занбӯри асалпарварӣ  фаро гирифта шуданд, ки 34 фоизи  нақшаро дар бар мегирад.

Яке  аз самтҳои дигари  фаъолияти шуъба-  ин додани қарзҳои  имтиёзнок  мебошад. Дар ин самт  аз ҷониби мақомоти давлатии  шуғли аҳолӣ  ба шаҳрвандони бекоре, ки  хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ  доранд, хизмати машваратӣ  расонида шуда, кумаки молиявӣ  дода мешавад. Бо ин мақсад  аз тарафи шуъба ба  12 нафар  қарзҳои  хурди имтиёзнок  дода шуданд, ки  асосан ба  фаъолияти соҳибкорӣ, чорводорӣ  ва хизматрасонӣ равона карда мешаванд.

Аз тарафи масъулини шуъба  мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳои омӯзишӣ  гузаронида мешаванд, то дар оянда низ ҷавондухтарон ва ҷавонписарон  ба курсҳои  кӯтоҳмуддат ҷалб шаванд.

Апрель 11, 2021 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд