Дар семоҳаи аввал дар Тоҷикистон 223 ҳолати фавқулода рух дода, 8 нафар дар офатҳои табиӣ ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави мамлакат 223 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуда, 12-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ расонидааст. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли равон 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Ин нукта имрӯз зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардиданд, зикр шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода баргузор гардида, дар он сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, роҳбарони раёсатҳои минтақавӣ ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ширкат намуданд.
Дар ҷаласа омодагии қувваҳо, воситаҳои КҲФ ба давраи баҳориву тобистонӣ, омодагиҳо ва интизоми ҳарбӣ ва сатҳи ташкили корҳои тарбиявӣ миёни ҳайати шахсӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа муваффақият ва камбудиҳо, инчунин тадбирҳои муҳим дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави ҷумҳурӣ барои семоҳаи дуюми соли 2021 муфассал муҳокима шуданд.
Раиси КҲФ диққати роҳбарони шуъбаҳои Кумитаро ба омодагии саривақтӣ ва бо камоли маҳорату кордонӣ вокуниш нишон додан ба лағзиши тармаҳо, ярчҳо, омадани селҳо, резиши сангу рег, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар фасли баҳор ва тобистон равона кард.
Дастур дода шуд, ки барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хатарнок, баррасии масъалаҳои захираҳои мавҷуда ва иловагӣ, машқҳои фавқулода дар байни аҳолӣ дар доираи фаъолияти Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, системаи огоҳии бармаҳал, омодагӣ ба мавсими шиноварӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, назорат аз болои иҷрои санадҳои имзошудаи байналмилалӣ гурӯҳҳои махсус ташкил ва ин фаъолиятҳоро баррасӣ кунанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ








Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»






