Дар семоҳаи аввал дар Тоҷикистон 223 ҳолати фавқулода рух дода, 8 нафар дар офатҳои табиӣ ба ҳалокат расидаанд

Апрель 19, 2021 14:33

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави мамлакат 223 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуда, 12-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ расонидааст. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли равон 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Ин нукта имрӯз зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардиданд, зикр  шуд.

Тавре аз  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҷаласаи мазкур таҳти раёсати раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода  баргузор гардида, дар он сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, роҳбарони раёсатҳои минтақавӣ ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ  ширкат намуданд.

Дар ҷаласа омодагии қувваҳо, воситаҳои КҲФ ба давраи баҳориву тобистонӣ, омодагиҳо ва интизоми ҳарбӣ ва сатҳи ташкили корҳои тарбиявӣ миёни ҳайати шахсӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа муваффақият ва камбудиҳо, инчунин тадбирҳои муҳим дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави ҷумҳурӣ барои семоҳаи дуюми соли 2021 муфассал муҳокима шуданд.

Раиси КҲФ диққати роҳбарони шуъбаҳои Кумитаро ба омодагии саривақтӣ ва бо камоли маҳорату кордонӣ вокуниш нишон додан ба лағзиши тармаҳо, ярчҳо, омадани селҳо, резиши сангу рег, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар фасли баҳор ва тобистон равона кард.

Дастур дода шуд, ки барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хатарнок, баррасии масъалаҳои захираҳои мавҷуда ва иловагӣ, машқҳои фавқулода дар байни аҳолӣ дар доираи фаъолияти Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, системаи огоҳии бармаҳал, омодагӣ ба мавсими шиноварӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, назорат аз болои иҷрои санадҳои имзошудаи байналмилалӣ гурӯҳҳои махсус ташкил ва ин фаъолиятҳоро баррасӣ кунанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Апрель 19, 2021 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид