Дар Тоҷикистон машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ оғоз гардиданд

Апрель 20, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, моҳи апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди 3 машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон — «Сунбула», «Ҳомиён» ва «Ҳарбмайдон» машқҳои миқёсан васеи низомӣ баргузор мешаванд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ин машқҳо дар ҷумҳурӣ  19 апрел оғоз ёфта, дар асоси Нақшаи тасдиқнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади амалан санҷидани иҷрои вазифаҳои ҷангии ҷузъу томҳо дар ҳудуди 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва се машқгоҳи низомии ҳудуди он бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ ба роҳ монда мешаванд. Марҳилаҳои  асосии баргузории машқҳои муштараки низомӣ дар машқгоҳҳои ҳарбии “Сунбула”, “Ҳомиён” ва “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон пешбинӣ гардидаанд.

-Ба машқҳои муштараки васеи низомӣ 9 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва зиёда аз 40 300 нафар захираҳои сафарбарӣ ва қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ҷалб гардида, ҳамзамон беш аз 1700 нафар низомиёни Пойгоҳи 201-уми ҳарбии Федератсияи Россия барои ҳамоҳангӣ ва амалан санҷидани вазифаҳои ҷангӣ дар ин размоиши низомӣ ширкат менамоянд,-иброз дошт Фаридун Маҳмадализода.

Зикр гардид, ки дар баробари ҷалби беш аз 50 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ, инчунин дар ин машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ қариб  700 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, 250 адад тӯп ё худ воситаҳои артиллерӣ, 768 адад техникаҳои автомобилӣ, қариб 20 адад авиатсияи ҷангиву нақлиётӣ, аз ҷумла чархболҳои МИ-8, МИ-24 ҳавопаймоҳои Л-39, СУ-24, СУ-25, силоҳу муҳимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода мешаванд.

Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки дар доираи баргузории машғулияти омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар 25 шаҳру ноҳияҳои гарнизони Хатлон Ситод ташкил гардида, захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмўи ин чорабинии низомӣ заруранд, истифода мешаванд.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалб гардида ва омўзиши мавзўъҳои ба он пешбинишуда аз ҷониби масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мегардад.

Ҳадафи доир намудани маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсӣ дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарии қўшунҳоро дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кўҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ то 23 апрел идома меёбанд.

АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ

Апрель 20, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд