Дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорони инфиродӣ 5,8% зиёд шудааст

Апрель 20, 2021 14:06

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар 3 моҳ дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорони инфиродӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҳазор нафар ё 5,8% зиёд шудааст, аз ҷумла то 4,2 ҳазор нафар — соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома кор мекунанд, то 20,6 ҳазор нафар — соҳибкорони инфиродӣ, ки бо патент фаъолият мекунанд ва 8,3 ҳазор — хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

То 1 апрели соли 2021 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 603,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо 83,8 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки тибқи шаҳодатнома кор мекунанд, 345 ҳазор тибқи патент кор мекунанд ва 174,5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд.

Соли 2021 10496 соҳибкори нави инфиродӣ, аз ҷумла 1416 соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, 6329 соҳибкори инфиродӣ, ки бо патент кор мекунанд ва 2751 хоҷагии  деҳқонӣ сабти ном шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродии сабтшуда 6551 нафар соҳибкорони инфиродӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2021 фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Шумораи соҳибкорони инфиродии фаъол то 1 апрели соли 2021 307,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2021 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»