Дар вилояти Суғд мулоқоти вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майори милитсия Улан Ниёзбеков баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат дар фазои самимият, эътимод ва дӯстӣ доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду давлат баррасӣ шуданд. Дар мавриди кӯшишҳои муштарак бо мақсади мусоидат дар кори таъмини амният ва субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори дастгирӣ карда шуд.
Сипас, таҳти роҳбарии вазирони корҳои дохилии ду давлат вохӯрӣ дар ҳайати васеъ бо иштироки сардорони шуъбаҳои соҳавии ду кишвар баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот тарафайн масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромарзӣ, инчунин масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.
Ба таҳкими робитаҳо байни роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздисарҳадӣ ва воҳидҳои соҳавии ду вазорат таваҷҷуҳи хос дода шуд.
Натиҷаҳои музокирот бори дигар алоқамандии тарафайнро ба рушди ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва омодагии онҳоро барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти чандинсола тасдиқ карданд.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






