Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ҷамъбаст шуд

Апрель 8, 2021 12:20

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар он аз чор ноҳияи пойтахт сенафарӣ иштирок намуданд, ки чор нафари онҳо омӯзгори Литсейи Президентӣ Ҳушанг Собиров, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Фароғат Рӯзиева ва  омӯзгори Литсейи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Асадулло Шарипов бо ба даст овардани натиҷаи беҳтар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, дар даври дуюми озмун 12 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии пойтахт аз рӯйи 8 шарт: барои навоварӣ, таҷрибаи педагогӣ ва нашри мақолаҳои илмию методӣ, барои ҳар патенти ихтироот ё модели муфид, ки дар якҷоягӣ бо хонандагон аз рӯи равия татбиқ шудааст,  барои донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, донишҳои соҳавӣ ва сатҳи забондонӣ (амалӣ), дастур ва китобҳои дарсии нашршуда, барои маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, барои омода намудани хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ (аз рӯи равия ва ишғоли ҷои ифтихорӣ), барои омода намудани хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ (аз рӯи равия ва ишғоли ҷои ифтихорӣ) ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ байни худ рақобат намуданд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва шаффоф баргузории даври дуюми озмун дар баробари кормандони масъули Сарраёсати маориф, инчунин мутахассисон аз Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ҷалб гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020 «Низомномаи озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» таъсис гардид, ки  ҳамасола барои дарёфти он  озмун  эълон шуда,  барои ҳар ғолиб   мукофоти пулӣ- 20 000 сомонӣ  тақдим мегардад. Озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои олимон дар ду давр: дохилиидоравӣ (муассисае, ки олим дар он ҷо фаъолият мекунад) ва ҷумҳуриявӣ- барои омӯзгорон дар се давр: шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз таъсис ва сарфароз намудан бо ҷоизаи давлатӣ- ин татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос  равона гардидааст.

Аксҳо аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 8, 2021 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд
Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд
ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид