ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Истиқлол» бо чемпиони секаратаи Лигаи чемпионҳо рақобат мекунад

Апрель 21, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз чемпиони даҳкаратаи  Тоҷикистон- дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021   бо дастаи  футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки соли 2019 ғолиби Лигаи чемпионҳои Осиё гардида буд, вориди рақобат мешавад.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаҳои футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ талош мекунанд, ки дар садри ҷадвали гурӯҳи «А»  мавқеи худро устувор намоянд. Ҳарду даста айни ҳол чоримтиёзӣ дошта, дастаи «Ал-Ҳилол» бо сабаби беҳтар будани таносуби тӯбҳо дар зинаи якум қарор дорад. Ин  ғалаба метавонад ин ду дастаро ба даври плей-офф наздиктар кунад.

Аз ин  пеш дастаи   футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе  дар бозии  дуюмаш бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби  3:2 ғалаба карда, пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Голҳоро аз  ҳайати  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро легионери сербиягии дастаи АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.

Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»  бо ҳисоби мусовии  0:0  бозӣ карда буд. Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «А» дастаи футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Пас аз натиҷагирии ду давр дастаҳои футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо 4-холӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» қарор доранд.

Акнун дар   даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021  ду дастаи пешсаф-  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе     бо дастаи  футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳам рақобат мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки сабқати  мазкур имшаб, соати 23:55 бо вақти Душанбе тариқи шабакаи ТВ «Варзиш» манзури тамошобинон мешавад. Дар ин бозии мушкил ва  пуршиддат ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барору комёбӣ таманно дорем.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).

«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

 

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)  2  1  1  0  4-2  4
 2  «Истиқлол» (Тоҷикистон)  2  1  1  0  3-2  4
 3  АГМК (Ӯзбекистон)  2  0  1  1  4-5  1
 4 «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА)  2  0  1  1  0-2  1
Апрель 21, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокс дар Остона ва Боку сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд
Имрӯз мусобиқаи «Antalya Grand Slam-2024» оид ба ҷудо оғоз мешавад
Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд
Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд