ФУТБОЛ. «Истиқлол» бозӣ дар Лигаи чемпионҳоро бо гирифтани имтиёз оғоз намуд

Апрель 16, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 15 апрел  чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар нахустин ҳунарнамоиаш дар Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 бар зидди яке аз пурқувватарин дастаҳои Осиё — «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» рақобаташро бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима дод. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз  хеле ҷолиб доир шуда, бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт. Дар чунин мусобиқа ва бо чунин дастаи қавӣ мусовӣ намудан кори осон нест. Дар ин дидор  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  тамоми кӯшишу талошашро ба харҷ дода, то аз беҳтарин дастаи АМА имтиёз ситонад.

Хотиррасон мекунем, ки бозии дигари гурӯҳи «А» байни дастаҳои  футболи «Ал-Ҳилол» -Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:2 анҷом  ёфт. Акнун дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  18  апрел дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ бо дастаи футболи  АГМК-и Ӯзбекистон вомехӯрад.

Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).

«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

Лигаи чемпионҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

АГМК (Ӯзбекистон).

Даври 1-ум

15-уми апрел (панҷшанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон)-2:2

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)-0:0

Даври 2-юм

18-уми апрел (якшанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Ӯзбекистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – АГМК (Ӯзбекистон)

Апрель 16, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд