Генерал-лейтенант Валентина Казакова: Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то 30 июн дар қайди муҳоҷирати Россия сабти ном намешаванд, ихроҷ хоҳанд шуд

Апрель 21, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-лейтенант Валентина Казакова имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе пас аз музокироти дурӯза бо ҳамтоёни тоҷикаш аз тариқи ВАО ба ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва хешовандони онҳо дар Тоҷикистон муроҷиат ва хоҳиш кард, ки бо истифодаи имконият мақоми ҳуқуқии худро танзим кунанд, ба шуъбаҳои дахлдор оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар Россия муроҷиат ва дар қайди муҳоҷират худро сабти ном намоянд ва агар хоҳиш дошта бошанд, асноди иҷозатдиҳандаро барои ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатӣ дарёфт намоянд.

Бо сабаби он ки иртиботи мунтазами ҳавоӣ байни Россия ва Тоҷикистон 1 апрел аз сар гирифта шуд, муҳлати бозгашти муҳоҷирон пас аз 90 рӯз, яъне то 30 июн хатм мешавад. Бинобар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон доранд мақоми ҳуқуқии худро дар қаламрави Россия танзим кунанд.

Валентина Казакова ёдовар шуд, ки Фармони Президенти Россия то 15 июн амал мекунад, аммо ҳукумат механизми дахлдор дар ихтиёр дорад ва ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон имкон доранд, ки  ҳуҷҷатҳои худро барасмият дароранд.

Ба гуфтаи вай, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки беш аз 90 рӯз дар Россия мебошанд, яъне аз 15 марти соли гузашта, ҳақ доранд ба шуъбаҳои муҳоҷират муроҷиат кунанд ва ҳуҷҷатҳои худро ба расмият  дароранд. “Бақайдгирии муҳоҷират хусусияти сирф огоҳидиҳанда дорад, барои ин кофист, ки ҷониби қабулкунанда ба шуъбаи мо муроҷиат кунад ва хабар диҳад, ки ин шаҳрванд дар суроғаи зикршуда зиндагӣ мекунад. Тартиб одӣ ва ройгон аст. Ҳоло масъалаи осон кардани таҳияи аснод барои шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ мешавад, ки он дар оянда дар шакли электронӣ тавассути портали ягонаи хидматҳои давлатӣ сурат хоҳад гирифт”, — гуфт Валентина Казакова.

Зикр карда шуд, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то 30 июн дар қайди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия сабти ном намешаванд, ихроҷ  мешаванд ва мутаносибан вуруди онҳо ба қаламрави Россия барои як давраи муайян манъ карда мешавад.

Ҳамзамон ӯ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон набояд аз хидмати миёнаравҳо истифода баранд, зеро ин кор пайомад ва мушкилоти ҳуқуқӣ дорад.

             АКС:  © Sputnik / Владимир Трефилов

Апрель 21, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»