Гулистон: Талаби 10 000 сомонӣ барои омода намудани билети ҳарбӣ

Апрель 3, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар  шаҳри Гулистони вилояти Суғд нисбат ба сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии шаҳри мазкур Ниёзов Фурқат Ризоҷонович барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавсуф бо истифода аз мақоми хизматӣ ва маслиҳати пешакӣ бо духтури клиникаи вилояти Суғд Каримов Халил Ҷалолович аз шаҳрванд Азизӣ М.А. барои ба номи додараш Азизов М.А. омода намудани билети ҳарбии қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ дар давраи моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 дар маҷмӯъ маблағи 10 000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро ба манфиати шахсии худ истифода намудаанд.

Дар ин асос нисбат ба Ниёзов Фурқат Ризоҷонович ва Каримов Халил Ҷалолович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в» ва «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,  баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Апрель 3, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд