Иҷлосияи 64-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар тариқи маҷозӣ оғоз гардид

Апрель 13, 2021 08:57

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи 64-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар  12 апрел ба кор оғоз намуд, ки то 16 апрел тариқи маҷозӣ идома меёбад. Дар иҷлосияи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СММ ва намояндагони  дигар ташкилот  сухан гуфтанд.

Директори Агентӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон  маърӯза  намуда, вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2020, пешравиҳо ва мушкилот дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандиро баён дошт.

Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷараёни мулоқот доир ба дастгирии мунтазами мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, кишварҳои донор дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ибрози назар карда, ҳамкории тарафайнро мусбат арзёбӣ намуд.

Мавсуф ҳамзамон дар бораи хатари нигаронкунандаи паҳншавии маводи нашъадори навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ миёни аҳолӣ, хусусан  ҷавонон сухан гуфта, оид ба усулҳои нави фурӯши ин мавод тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мушкил мегардонанд, мубодилаи афкор намуд. Инчунин аз ҳамоҳангии ҷомеаи байналмилалӣ тавассути Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовару ҷинояткорӣ ва дигар кишварҳои ширкаткунандаи ҷаласа дар пешгирии ин омили номатлуб даъват ба амал овард.

Дар анҷоми суханронӣ директори Агентӣ баён дошт, ки “мо ҳамкориро дар мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар пурзӯр намуда, ҳамзамон дар ҳифзи башарият аз ин падидаи номатлуб саҳми арзанда хоҳем гузошт”.

Инчунин ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони “Механизмҳои байналмилалӣ ва чораҳои минтақавӣ, 60-солагии Конвенсияи ягонаи СММ оид ба маводи нашъаовар ва 10-солагии Ёддошти тафоҳум байни СҲШ ва UNODC”,  ва  дар чорабинии канории Федератсия Россия дар мавзӯи “Пандемияи COVID-19”- таъсири он ба мушкилоти ҷаҳонии маводи нашъаовар: таҳдидҳои нав ва дурнамо”, ки тариқи маҷозӣ баргузор гардиданд, иштирок намуда, сухан гуфт.

Чорабиниҳо дар доираи баргузории Иҷлосияи 64-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар идома доранд.

АКС аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Апрель 13, 2021 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд