Имсол барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 835 000 сомонӣ ҷудо мегардад

Апрель 5, 2021 16:27

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки дар мамлакат  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  барои боз ҳам ҷолибу шавқовартар  ба роҳ мондани озмуни мазкур ба Низомномаи он соли равон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ бо сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳрии Тоҷикистон Обидҷон МАҲМУДЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Мехостам оид ба манзалати китобдориву китобхонӣ ва ҳадафи озмун, ки соли сеюм аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, чанд сухан гӯед.

Обидҷон Маҳмудзода: Китоб дар тамоми зиндагӣ ҳамсафари умри инсон буда, ҳамаи ҳодисаю воқеаҳоро дар худ таҷассум намудаву аз як насл ба насли дигар ба мерос мегузорад. Мавҷудияти қадимтарин китобҳо, чун “Авасто”, «Фарҳанги паҳлавӣ», «Дарахти Асурик» ва ҳазорон осори дигар, ки то замони мо боқӣ мондаанд, далели он аст, ки мардуми тоҷик ба китоб арҷу эҳтироми хосса зоҳир намудаанд. Тӯли се сол аст, ки  дар мамлакат  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида,  ҳадафи асосии он ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ мебошад. Иқдоми наҷиби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми қишри ҷомеаи моро водор ба мутолиаи китоб намуд.

Ҳадафи асосии Пешвои  миллат аз эълони чунин озмун, пеш аз ҳама, бедор кардани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат мебошад. «Озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пайи иҷрои ҳамин иқдоми наҷиб  сурат гирифта, беҳтарин китобхонҳо ва арҷгузорон ба фурӯғи субҳи доноиро гирди ҳам меорад. Бо итминони комил метавон иброз дошт, ки ҳар иштирокчии ин озмун бо дониши андӯхта аз китобҳои мутолиа карда бо ашъори азбаркардаву суханварию сухандонии худ моро мафтуни ҳунару дониш ва ақлу заковати худ менамояд.

АМИТ «Ховар»: Шакли пурраи Низомномаи озмун барои соли равон аллакай дастраси хонанда гардид. Тағйироту иловаҳои ба низомнома ворид гардидаро шарҳ медодед.

Обидҷон Маҳмудзода: Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 11 феврали соли 2021 тасдиқ гардид, ки он бо тағйиру илова ва имтиёзҳо пешниҳоди тамоми иштирокчиён гардид. Имсол барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад. Ин маблағ  соли 2020 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ва соли 2019  310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомониро ташкил медод.

Озмун аз рӯйи панҷ номина: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ; адабиёти классикӣ; адабиёти муосир; адабиёти ҷаҳон; эҷоди назму наср баргузор мегардад. Инчунин иштирокчиёни номинаҳо ба чор гурӯҳ: -хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо);— аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ;— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ҳакамони озмун дар ҳар як номина ин се табақаро ба таври алоҳида ҷудо менамоянд) тақсим гардид.

Ҳамчунин омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Соли 2019 дар як  номина 3 ҷой, соли 2020 6 ҷой ва соли равон 5 ҷой муқаррар шудааст. Барои тағйир ёфтани ҷойҳо ҳар сол кадом омилҳо ба назар гирифта мешаванд?

Обидҷон Маҳмудзода: Тағйир ёфтани ҷойҳо ба таваҷҷуҳи иштирокдорон вобастагӣ дорад. Агар соли аввал се ҷой буд, соли гузашта барои он шаш ҷой ва имсол панҷ ҷой муқаррар шуд. Соли аввал озмун танҳо аз рӯи чор номина баргузор мегардид. Соли гузашта аз рӯй панҷ номина ва се гурӯҳ, имсол аз рӯи панҷ номина ва чор гурӯҳ тақсимбандӣ шудааст, ки шумораи ҷойҳо сол то сол меафзояд.

АМИТ «Ховар»: Дар Низомнома омадааст, ки «ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок кардан надоранд». Ҳамин бандро  шарҳ медодед.

Обидҷон Маҳмудзода: Сабаби ворид намудани ин тағйирот ба  Низомномаи озмун он аст, ки мо тавонем чеҳраҳои навро ҷалб намоем. Зеро  соли гузашта маълум гардид, ки баъзе аз иштирокчиёни фаъоли соли аввал бо пешниҳоди адабиёти тоза ва иваз кардани номинаҳо сазовори ҷойҳои махсус гардиданд. Инчунин тибқи Низомнома ба ин иштирокчиён имтиёзҳо ва ҳавасмандиҳои зиёд пешбинӣ гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Вазорати маориф ва илми мамлакат барои дастрас намудани китобҳои дар Низомнома ҷойдодашуда чӣ тадбирҳо андешидааст?

Обидҷон Маҳмудзода: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон барои бартараф намудани мушкилоти норасоии китобҳо дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат якчанд  тадбирҳоро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, дар шакли CD ва электронӣ тамоми адабиёт ҷамъоварӣ шуда, ба тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат дастрас гардидаанд. Боварӣ дорам, ки дар ин самт дигар мушкилӣ ҷой надорад.

АМИТ «Ховар»: Аз нигоҳи Шумо сабаби аз китобхонӣ дур мондани насли наврас чист?

Обидҷон Маҳмудзода: Дар замони муосир бо иллати якчанд  омилҳои сиёсию иҷтимоӣ сатҳи китобхонӣ то андозае коста гардид. Рушди рӯзафзуни технологияи иттилоотию иртиботӣ низ ба тамаддуни китобдорию китобхонии мардум то андозае таъсири манфӣ расонид. Аммо, ин иқдом тавонист анъана ва суннати эҷоди каломи мавзунро дар ҷомеа ва дар байни мардуми эҳё гардонад.

Ҷанбаи дигари иқдоми Сарвари давлат аз баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» -тарбияи одоби ахлоқи ҳамида, рушди зеҳнии ҷавонону наврасон ва аз нозукиҳою ғановати забону адабиёти хеш огоҳ гардидани мардуми мамлакат мебошад. Дар баробари ин, барои муайян намудани сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии аҳли мутолиа ва огоҳии онҳо аз адабиёти хориҷӣ дар шартҳои озмун донистани адабиёти бадеии мамлакатҳои хориҷӣ низ ҷой дода шудааст, ки ин барои боз ҳам бештар тавсеа ёфтани афкори адабии мардуми мо дар самти шинохти адабиёти ҷаҳонӣ созгор мебошад.

Ба ҳар иштирокчии ин маҳфил комёбӣ таманно намуда, бовар дорам, ки озмуни имсола низ дар сатҳи баланд ва бо дарки масъулият доир гардида, барои муаррифии чеҳраҳои нав заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Апрель 5, 2021 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид