Имсол дар Душанбе барои баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як миллиону чорсаду чилу панҷ ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад

Апрель 22, 2021 17:06

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  аз 22 апрели соли равон  барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт дар соли 2021   1 445 000 (як миллиону чорсаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо  мегардад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, тибқи қарори дахлдор ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур  тасдиқ гардида, масъули соҳа вазифадор шудаанд, ки баҳри дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем,ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки дар мамлакат  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  барои боз ҳам ҷолибу шавқовартар  ба роҳ мондани озмуни мазкур ба Низомномаи он соли равон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Имсол барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад. Ин маблағ  соли 2020 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ва соли 2019  310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомониро ташкил медод.

 Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2021 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд