Изҳороти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи қатъ намудани низои мусаллаҳона
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 АМИТ «Ховар»/. Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд музокирот намуда, изҳороти муштарак интишор намуданд ва дар он нияти қатъ кардани низои мусаллаҳонаро, ки 29 апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт, тасдиқ карданд. Изҳоротро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон Омурбек Суваналиев имзо карданд. Матни изҳоротро АМИТ «Ховар» шаби гузашта нашр кард.
Дар он гуфта шудааст, ки комиссияҳои бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсисшуда оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду кишвар, ки 29 апрели соли 2021 ба вуқӯъ омада буд, «сабабҳо ва пайомадҳои ин воқеаро баррасӣ карда, ба тафоҳуми дутарафа дар бораи қатъ кардани низои мусаллаҳона, бозгардонидани ҳайатҳои шахсӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба ҷойҳои доимии онҳо дастёб шуданд.
Инчунин комиссияҳо мувофиқа карданд, ки «ҷиҳати пешгирии ташаннуҷи вазъ гурӯҳи кории муштарак аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулони мақомоти иҷроияи ду кишвар барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити босубот барои раванди музокироти пурсамар ба нафъи ду халқ ва давлатҳои дӯст тадбирҳо андешанд».
Тоҷикистон ва Қирғизистон инчунин протоколи муштарак имзо карданд, ки дар он гуфта шудааст:
«29 апрели соли 2021 мулоқоти кории намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба танзими низои мусаллаҳона дар ҳайати зерин баргузор гардид:
Ҷониби Тоҷикистон: Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов, муовини якуми раиси Кумита — фармондеҳи ҚС КДАМ ҶТ Р. Раҳмоналӣ, Раиси вилояти Суғд Р. Ахмадзода;
Ҷониби Қирғизистон: Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд О. Суваналиев, муовини якуми раис — директори Хадамоти сарҳадии КДАМ ҶҚ У. Шаршеев, муовини якуми Вазири корҳои дохилии ҶҚ С. Омурзоқов, муовини раиси КДАМ ҶҚ А. Шаменов.
Ҷонибҳо бар бунёди муносиботи неки ҳамсоягӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан қабулшудаи байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои зерин ба тафоҳуми мутақобил расиданд:
- Фаъолиятҳои ҷангӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Ботканд аз соати 18.30-и 29 апрели соли равон бо вақти Душанбе (аз соати 19.30-и 29 апрел бо вақти Бишкек) қатъ карда шаванд.
- Қӯшунҳо ва техникаи ҳарбӣ аз минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд ба ҷойҳои доимияшон баргардонида шаванд.
- Раванди музокирот ҷиҳати ба субот овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд идома дода шавад.
Аз ҳисоби кормандони қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти амният ва корҳои дохилии ҳарду давлат гурӯҳи корӣ оид ба назорати раванди татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшудаи дар ҳамин протокол дарҷшуда гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.
Протоколи муштаракро ҳайатҳо аз Тоҷикистон: С.Ятимов, Р. Раҳмоналӣ, Р.Аҳмадзода, инчунин аз Қирғизистон: О.Суваналиев, У.Шаршеев, С.Омурзоқов имзо карданд».
Дирӯз СММ аз нияти ҷонибҳо дар бораи қатъ кардани оташ истиқбол намуд.
«Мо бо нигаронӣ инро (вазъро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон) пайгирӣ мекунем, ин хабарҳоро мебинем. Мо инчунин хабар дорем, ки ҳарду давлат — Тоҷикистон ва Қирғизистон эълом доштанд, ки онҳо дар бораи қатъи оташ ба мувофиқа расиданд. Агар дарвоқеъ чунин бошад, мо аз он истиқбол хоҳем кард», — гуфт муовини намояндаи расмии Дабири кулли СММ Фархан Ҳақ зимни брифинг 29 апрел.
АКС аз бойгонии «Ховар»








Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд






