Киштии зериобии Индонезия, ки шикаста се қисм шудааст, ёфт гардид. Ҳамаи 53 сарнишини он ба ҳалок расидаанд

Апрель 26, 2021 11:32

ДУШАНБЕ, 26.04.2021  /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои баҳрии Индонезия киштии зериобии гумшудаи KRI Nanggala-402-ро пайдо карданд ва ҳалокати ҳамаи 53 сарнишини он тасдиқ шуд, изҳор доштанд дирӯз мансабдорони низомии индонезӣ Хади Тяхджанто ва сардори ситоди ҚҲБ Юдо Маргоно, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».

Тибқи иттилои хабаргузорӣ, шикастапораҳои киштии зериобии гумшуда дар қаъри баҳр дар назди ҷазираи Бали воқеъ мебошанд.

Иртиботи киштии зериобӣ рӯзи чоршанбе пас аз машқ дар назди Бали бо флоти Индонезия қатъ гардид. Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки маллоҳони киштии зериобии гумшуда то рӯзи шанбе бо захираи оксиген таъмин буданд.

Рӯзи шанбе наҷотбахшон дар обҳои наздикии ҷазира шикастапораҳои киштии зериобиро пайдо карданд.

Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Германия, Франсия, Ҳиндустон, Туркия ва Австралия ба Индонезия дар ҷустуҷӯи киштии зериобӣ кумак пешниҳод карда буданд.

                                                                       АКС: mirnov.net

Апрель 26, 2021 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид