Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов дар Чемпионати Осиё-Океания соҳиби медали биринҷӣ шуданд

Апрель 9, 2021 08:22

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Чемпионати Осиё-Океания дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон   ду паҳлавони маъруфи тоҷик-Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90кг ва  Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба сабқатҳо  шурӯъ карданд. Комроншоҳ барои соҳиб шудан ба медали биринҷӣ варзишгари чинӣ — Бу Ҳебилигиро мағлуб намуда, сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавони  шинохтаи  тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи сеюми мусобиқа  дар даври аввал бо  паҳлавони туркман — Шатлик Тораев қувва санҷид. Дар ин дидор   Комроншоҳ Устопириён бо гирифтани ду «ваза-ари» ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дар даври дуюм Устопириён бо Бозбаев Ислом Қазоқистон набард кард. Дар ин сабқат Комроншоҳ Устопириён комёб шуда, ба даври ½—финал роҳ ёфт. Ҳамин тавр дар даври ½- ниҳоӣ Комроншоҳ бо ду карат барандаи нишони тиллои «Тоскулоҳи бузург»- варзишгари  японӣ Сёитиро Мукай рақобат намуда, аз ӯ шикаст хӯрд. Баъдан Комроншоҳ барои соҳиб шудан ба  медали биринҷӣ бо Бу Ҳебилиги чинӣ мубориза бурда, ғолиб омад ва зинаи сеюмро соҳиб гардид.

Ҳамчунин  паҳлавони  дигари тоҷик Темур Раҳимов  дар даври аввали рақобатҳо  варзишгари кишвари Ҳиндустон — Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври ¼-ниҳоӣ Темур Раҳимов бар варзишгари мизбон Юрий Краковетский дастболо шуда, ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимфинал Темур бо варзишгари японӣ Хисаёши Харасаваи рақобат намуда, дучори нокомӣ шуд. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ Темур Раҳимов  бар  варзишгари қазоқ Ерасили Кажибаев ғолиб омада, соҳиби медалӣ биринҷӣ гардид.

Инчунин дар  рӯзи сеюми  Чемпионати Осиё-Океания се паҳлавони   шинохтаи тоҷик-  Ҷаҳонгир Маҷидов-90кг,  Мансур Раҳмон -100кг ва Хуршед Маҷидов +100кг ба рақобатҳо шурӯъ карданд. Ҷаҳонгир Маҷидов  дар даври аввал аз намояндаи Ӯзбекистон Давлат Бобомов ноком гашт. Мансур Раҳмон  низ дар даври аввал аз намояндаи Австралия — Кайхан Озчичека-Такаги дучори бохт шуда, аз идомаи бозиҳо маҳрум монд. Хуршед Маҷидов низ дар даври нахуст аз Алишер Юсупови ӯзбек мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем,  ки дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания  паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73кг бар се ҳарифаш  ғолиб омада,  дар финал  аз қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим шикаст хӯрд ва сазовори медали нуқра гардид. Ҳамчунин   дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳои паҳлавонони дигари  тоҷик- Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни  -81 кг доир шуданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ — Мун Ҷин Ли қувва санҷид. Дар ин майдондорӣ варзишгари  мо бо усули «ваза-ари» шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Варзишгари  дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор Акмал Муродов комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов аз паҳлавони  эронитабори Муғулистон — Саид Муллаӣ  мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳои  Чемпионати Осиё-Океания маҳрум шуд.

Аксҳо аз сомонаи Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Апрель 9, 2021 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид