Мақомоти шаҳри Душанбе эълон менамояд: шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд «Боғи ҳайвонот»-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд

Апрель 21, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд бо пешниҳоди лоиҳаҳои дахлдор ва ё дар асоси лоиҳаи таҳиягардида  «Боғи ҳайвонот»-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, хоҳишмандон  барои гирифтани маълумоти муфассал  метавонанд ба телефонҳои 221-94-38, 221-27-19 занг зананд.

Ёдовар мешавем, ки  дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2020  барои сохтмони «Боғи ҳайвонот» дар бурриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии  пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи технологияи  муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст.

Мавзеи  ҷудогардида   барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот,  парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани  шароити озоди гашту гузори  ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад,  ба назар гирифта шудааст.

Апрель 21, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад