«Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ доир шуд

Апрель 19, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон» намоиш ва конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ  ва Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода 110 адад нигора, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо, китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд. Намоиши «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон» то 1 май идома меёбад.

Дар ин бора  сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии
Осорхонаи миллӣ  Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

“Дар намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода,  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Сафолзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, директори Маркази фарҳангии Свами Вивекананда хонум Ҷуи Део-фаокар, директори Китобхои миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабов, директори Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода Мошариф Табарова, раиси Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили адабии «Бонги най» Сайҳомиддин Нарзуллоев, намояндаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Назриддин Солеҳов, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон иштирок намуданд”,- афзуд Фаридун Кенҷаев.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр кард, ки «Устод Мирзо Турсунзода бидуни шак, яке аз барҷастатарин ва пуртаъсиртарин шоир, шахсияти сиёсӣ ва адабиест, ки тавассути осор ва ашъори ҷаззобу пурмуҳтаво ва сафарҳои расмиву эҷодиаш ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷиконро ба кишварҳои дурдасттарин армуғон бурдааст».

Дар конфронси илмӣ доираи васеи олимон, муаррихон, коршиносон ва донишҷўён иштирок намуда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода андешаронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки Мирзо Турсунзода (1911-1977) на танҳо ҳамчун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи бузурги сайёра—Осиё ва Африқо хизматҳои шоиста ба ҷо овардааст.

Аз ҷониби иштирокдорон  дар мавзӯъҳои «Ҳиндустон аз назари шоири инсондӯст», «Садои Турсунзода-садои адибони тараққипарвари Ҳиндустон», «Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода», «Аз таърихи Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 19, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид