«Мисгарӣ — бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш оғоз шуд

Апрель 5, 2021 14:59

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 апрел дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Мисгарӣ — бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» оғоз ёфт, ки  то аввали моҳи май идома меёбад. Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд зимни тамошои он доир ба таърихи мисгарӣ маълумоти пурра пайдо намоянд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  имрӯз бахшида ба ин намоиш бо иштироки директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яқубов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Усмонзода ва устодон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав конфронси илмӣ сурат гирифт.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки «тоҷикон чун миллати ҳунарманду тамаддунофар ҳанӯз аз давраҳои қадим аз тамоми асрори табиат бохабар буда, дар офаридану сохтани воситаҳои рӯзгордорӣ қудрати бузурги ҳунармандӣ доштаанд».

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 адад зарфҳои мисии мунаққаш, аз қабили лаълӣ, табақ, чойник, офтоба, кӯза, коса, обгир, рангдон, зермон, дастшӯй, обрез, шамъдон ва дигар намудҳои ҳунари мисгарӣ марбут ба давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд. Осори ба намоиш гузошташуда бори нахуст буда, дорои аҳамияти муҳими таърихист ва далолат аз он мекунад, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз қарнҳои дури таърих пешаи ҳунармандӣ доштаанд.

Дар як гӯшаи намоиш аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба иштирокчиён раванди мавриди тармиму таҳким қарор гирифтани сиккаҳо ва дигар зарфҳои мисӣ нишон дода шуд. Дар кори конфронси илмӣ доираи васеи олимон, муаррихон, коршиносон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни ҳунари мисгарии халқи тоҷик сухан гуфтанд.

Мисгарӣ яке аз касбҳои маъмули тоҷикон буда, нақшу нигори зарфҳои мисӣ таҷассумгари олами зебою рангини ҳунари тоҷикон мебошад. Дар онҳо роз ва рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи дурахшони ниёгони мо нуҳуфтаанд.

Бояд гуфт, ки мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойнак, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак, харбузатарошак, рангдон, қаламдон ва ороишоти занонаю мардона тайёр мекарданд. Бо сабаби мулоим буданаш мис барои мунаққашсозӣ хеле мусоид аст. Нақшҳои зарфҳои мисиро ба чор гурӯҳи асосӣ — ислимӣ, ҳандасавӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ тақсим менамоянд. Хусусияти хос ва хеле муҳими нақши тоҷикии зарфҳои мисӣ аз он иборат аст, ки ҳар нақш номи алоҳида дорад. Барги бед, барги маҷнун, бодом, бодоми сарбаргӣ, бодоми сармадохил, бодоми пушти моҳӣ, бутта, гулдона, гули ғӯза, мадохили дурафтора, мадохили якрафтора, гулъизори ироқ, ислими бодом, себарга, гули ихтиёр, гули нав ва ғайраҳо аз ҳамин қабил мебошанд. Нақшу нигори зарфҳои мисӣ дар зарфҳои сафолӣ, сангӣ, тиллоӣ, нуқрагӣ, биринҷӣ, чӯбӣ ва ёдгориҳои меъморӣ низ ба назар мерасанд.

Мисгарон коркарди маҳсулоти мисиро дастӣ иҷро менамуданд. Зарфҳои калони мисиро дар аввал ҷудо-ҷудо омода сохта, баъд онҳоро бо усули кӯбидан бо ҳам васл мекарданд. Пас аз пайванд кардан зарф пурра тоза карда мешуд. Сипас кандакорон, ки онҳоро наққош меномиданд, ба кандани нақшҳо шурӯъ мекарданд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 5, 2021 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид