МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Ба маъюбону ниёзмандони ноҳияи Шаҳринав кумаки моддӣ расонида шуд
ШАҲРИНАВ, 27.04.201 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Зафарҷон Музаффаров дар ин давраи хайру эҳсон-моҳи мубораки Рамазон ҷиҳати дастгирии ниёзмандону маъюбон ба 200 оилаи маъюбу ниёзманд ва 50 нафар кормандони муассисаи манзили коммуналии ноҳия, ки пайваста барои тозаю обод нигоҳ доштани ноҳия заҳмат мекашанд, кумаки моддӣ, аз қабили 50- килограммӣ орд ва панҷлитрӣ равған расонида шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, хайру саховат ба ниёзмандону маъюбон ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ҷомеа аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Дар доираи амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати кишвар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бобати хидмат ба ниёзмандон, эҳтиёҷмандон ва маъюбон пайваста талош меварзад.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз анҷом додани корҳои хайру савоб сухан гуфта, таъкид намуданд, ки “лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, доштани забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст”.








Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






