Мухлисони россиягӣ Муҳаммад Султоновро беҳтарин бозингари КФ Нижний Новгород эътироф намуданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи футболи «Нижний Новгород» -и Россия Муҳаммад Султонов (ДАР АКС), дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои пурсиши мухлисон беҳтарин футболбози моҳи март эътироф шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти даста.
Зодаи Тоҷикистон беш аз 41,83% овозҳоро касб намуд, ки ин беш аз шашсад нафар аст.
Ҳамин тавр, Муҳаммад Султонов бозингари беҳтарини моҳи март номида шуд.
Ҷои дуввум насиби Бек Кавтарадзе, ки ба қарибӣ ба дастаи «Нижний» ҷалб шудааст, гардид ва 20,22% мухлисон ба ӯ овоз додаанд.
Ҳамлагари Гвинеягӣ Момо Янсане бо 18,21% овоз дар ҷои сеюм аст.
Сомонаи дастаи «Новгород» муваффақияти Султоновро зикр кардааст. Масалан, моҳи марти соли равон варзишгар ба дарвозаҳои «Факел» -и Воронеж, «Шинник» -и Ярославл ва ҳатто ду маротиба ба дарвозаи дастаи «Торпедо» -и Москва гол задааст.
Ҳар яки ин голҳо хеле ҷолиб буданд, ки ба шарофати ин Муҳаммад бо шаш голи задааш дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои ДФ “Нижний Новгород” ҷои сеюмро ишғол мекунад.
Илова бар ин, аввали моҳи апрел дар бозӣ бо “Балтика” легионери тоҷик ба ҳамдастааш Никита Каккоев як партофти муҳим анҷом дод, ки пас аз он голи ғалабаовар зада шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин варзишгари тоҷик аз охири соли 2020 дар ДФ “Нижний Новгород” таҳти рақами 14 бозӣ мекунад.
Султоновро дар даста қадрдонӣ мекунанд ва аз ӯ ҳамчун «футболбози бомаҳорат ва нишонзани хуб» ном мебаранд. Қарордоди ӯ бо дастаи Россия барои ду сол имзо шудааст.
Муҳаммад Султонов 28 сол дорад. Варзишгар дар шаҳраки Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Вай ба футболбозӣ дар Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони рақами 1-и шаҳри Каменкаи вилояти Пенза шурӯъ намуда, соли 2007 дар мактаби футболи ССКА маҳорати худро такмил додааст.
Султонов дар дастаҳои «Локомотив-2», «Спартак-Налчик», «Тосно», «Шинник» бозӣ кардааст. Солҳои охир футболбоз дар ҳайати дастаи «Ротор» бозӣ мекард.
АКСИ: хадамоти матбуоти ДФ «Нижний Новгород»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






