«НЕЛЕГАЛ-2021». Ҷаласаи Ситоди байналмилалии амалиёти минтақавии СААД оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар бинои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди байналмилалии амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тариқи видео-конференсия дар мавзӯи амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикии муштарак ва амалиёти махсус доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм таҳти унвони шартии «Нелегал-2021» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Конференсияи мазкур бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон ва Федератсияи Россия тариқи онлайн доир шуд.
Муовини Котиби генералии СААД Валерий Семериков, Котиби КСБНМ СААД, ГУВМ ВКД Федератсияи Россия, генерал-лейтенанти политсия Валентина Казакова, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Ҳусейн Халилзода ва муовини сардори ХШБ ВКД, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, инчунин намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои СААД вобаста ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Котиби генералии СААД Валерий Семериков зикр кард, ки пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави давлатҳои аъзо, инчунин пешгирии ҷиноятҳои муташаккилона, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва савдои одамон аз ҷумлаи ҷиноятҳое мебошанд, ки мебояд ҳамаи мо дар мубориза бо ин қонуншиканиҳо дастаҷамъона мубориза барем. Аз ин хотир роҳандозӣ намудани амалиёти фаврӣ-профилактикии «Нелегал-2021» дар қаламрави давлатҳои аъзо айни муддао мебошад.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Бароталӣ Ҳамидзода иброз дошт, ки «аз ҷониби мо нақшаи барнома ва бандҳои он пурра мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт ва аз он бармеояд, ки нақшаи таҳиягардида тамоми ҷабҳаҳои самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, муайяну дастгир намудани шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва ошкору пешгирии дигар ҷиноятҳоро дар бар мегирад».
Дар конференсия иштирокдорон тибқи барномаи ҷаласа нақша ва марҳилаҳои баргузории амалиёти «Нелегал-2021», мубодилаи иттилоот, ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо ва дигар паҳлуҳои мавзӯи баррасишавандаро муҳокима карданд.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






