«НЕЛЕГАЛ-2021». Ҷаласаи Ситоди байналмилалии амалиёти минтақавии СААД оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ доир шуд

Апрель 1, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31  март дар бинои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди байналмилалии амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тариқи видео-конференсия дар мавзӯи амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикии муштарак ва амалиёти махсус доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм таҳти унвони шартии «Нелегал-2021» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Конференсияи мазкур бо  иштироки намояндагони давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон ва Федератсияи Россия  тариқи онлайн доир шуд.

Муовини Котиби генералии СААД Валерий Семериков, Котиби КСБНМ СААД, ГУВМ ВКД Федератсияи Россия, генерал-лейтенанти политсия Валентина Казакова, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Ҳусейн Халилзода ва муовини сардори ХШБ ВКД, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, инчунин намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои СААД вобаста ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини Котиби генералии СААД Валерий Семериков зикр кард, ки пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави давлатҳои аъзо, инчунин пешгирии ҷиноятҳои муташаккилона, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва савдои одамон аз ҷумлаи ҷиноятҳое мебошанд, ки мебояд ҳамаи мо дар мубориза бо ин қонуншиканиҳо дастаҷамъона мубориза барем. Аз ин хотир роҳандозӣ намудани амалиёти фаврӣ-профилактикии «Нелегал-2021» дар қаламрави давлатҳои аъзо айни муддао мебошад.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ Бароталӣ Ҳамидзода иброз дошт, ки «аз ҷониби мо нақшаи барнома ва бандҳои он пурра мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт ва аз он бармеояд, ки нақшаи таҳиягардида тамоми ҷабҳаҳои самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, муайяну дастгир намудани шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва ошкору пешгирии дигар ҷиноятҳоро дар бар мегирад».

Дар конференсия иштирокдорон тибқи барномаи ҷаласа нақша ва марҳилаҳои баргузории амалиёти «Нелегал-2021», мубодилаи иттилоот, ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо ва дигар паҳлуҳои мавзӯи баррасишавандаро муҳокима карданд.

Апрель 1, 2021 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд