Неруҳои амниятии Афғонистон чанде аз рустоҳои вулусволии Нусайи вилояти Бадахшонро аз «Толибон» бозпас гирифтанд

Апрель 5, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Манобеи амниятӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи амалиёти ҳавоӣ ва заминии неруҳои амниятӣ дар вулусволии Нусайи вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳудуди 70 узви гурӯҳи «Толибон» кушта ва захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ҳашти субҳ» 8am.af com.

Вазорати мудофиаи миллӣ рӯзи 04 апрел эълом дошт, ки як қатор мавзеъҳои «Толибон»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар вулусволии Нусай пас аз се сол бо ворид намудани талафоти зиёд ба ин гурӯх тасарруф кардааст.

Тибқи эъломи вазорат, дар ин амалиёт неруҳои артиши миллӣ, десантчиён, полис ва воҳидҳои хезиши мардумӣ ширкат карданд.

Ҳамин тариқ, Вазорати мудофиаи миллӣ эълон кард, ки тамоми баландиҳои Қӯғаз, Кӯҳи девлох, Сари сағочҳо, Кӯҳи Лалми Кудин, Кӯҳи Каҷакҳо ва минтақаи сабз то пули Дуоб ба тасарруфи неруҳои амниятӣ даромадаанд. Ин минтақаҳо беш аз се сол таҳти назорати «Толибон» қарор доштанд.

Саноуллоҳ Рӯҳонӣ, сухангӯи полиси Бадахшон гуфт, ки чаҳор мавқеи дигари «Толибон» забт карда шуданд ва ҷасадҳои ҷангиёни гурӯҳ дар ҷои ҳодиса монданд.

Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, дар ин амалиёт ба «Толибон» талафоти «сангин» ворид шудааст,  аз ҷумла Ҷумъа фармондеҳи кулли низомии «Толибон» дар Дарвоз кушта шудаааст.

Сухангӯи полиси Бадахшон гуфт, ки амалиёт таҳти фармони Муҳаммад Содиқ Муродӣ, сардори идораи полиси вилояти Бадахшон, сурат гирифтааст.

Вай афзуд, ки амалиёт ба далели боронгариҳои шадид мутаваққиф шудааст, аммо покории рустоҳо идома хоҳад ёфт.

Апрель 5, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид